ХМК: Болоравии тарифҳои об ба поинравии қурби сомонӣ ба доллар вобаста аст

Беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА раҳбарияти Хоҷагии манзилию коммуналиро ба боло бурдани тарифҳо ба истифодаи об водор сохт. Муовини директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Равшан Тӯйчизода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аввали сол раҳбарияти корхона тарифҳои нав ба истифодаи обро пешниҳод карда, он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА раҳбарияти Хоҷагии манзилию коммуналиро ба боло бурдани тарифҳо ба истифодаи об водор сохт.

Муовини директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Равшан Тӯйчизода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аввали сол раҳбарияти корхона тарифҳои нав ба истифодаи обро пешниҳод карда, он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт.

Ҳамин тариқ, ба қавли Тӯйчизода, аз 1 марти соли равон тарифҳои истифодаи об барои аҳолӣ ва ҳамчунин корхонаҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ ба андозаи 10% ва аз 1 июл барои корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ низ ба миқдори 10% афзуда шуданд.

«Айни замон аҳолии минтақаҳои кишвар (ХМК пойтахт аз ҷониби сохтори зертобеъи шаҳрдорӣ хизматгузорӣ мешавад) барои 1 метри мукааби об 0,83 сомонӣ (то 1 март – 0,75 сомонӣ) маблағ пардохт мекунад», – гуфт номбурда.

Болоравии тарифҳои истифодаи обро Тӯйчизода ба поинравии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА тайи соли ахир нисбат дода, қайд кард, ки барои таъмиру барқарор сохтани низоми хоҷагии манзилию коммуналӣ воситаҳои қарзии ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР)  дар ҳаҷми 33 млн. доллари ИМА ҷалб шудааст, ки онро баргардонидан зарур аст.

Муовини роҳбари корхона таъкид дошт, ки қурби сомонӣ нисбати доллар, ки дар созишномаҳои ҷалби ин воситаҳо зикр шудааст, аз қурби ҳозира ба таври назаррас фарқ мекунад ва замоне, ки қарзи аввали БАТР дастрас шуд, яъне аз соли 2012 қурби сомонӣ нисбати доллар беш аз 70% поин рафт. «Бо ин сабаб ва дигар мушкилоти молии корхона, мо маҷбур шудем, ки тарифҳо ба истифодаи обро боло барем», – афзуд Равшан Тӯйчизода.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.