Иштироки боз як намояндаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио

Кристина Пронженко, варзишгари Тоҷикистон, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти варзиши сабук дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон иштирок хоҳад кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумита дар ин робита гуфтааст, «ба Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук як квота ҷудо […]

ASIA-Plus



Кристина Пронженко, варзишгари Тоҷикистон, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар мусобиқоти варзиши сабук дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон иштирок хоҳад кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумита дар ин робита гуфтааст, «ба Тоҷикистон дар риштаи варзиши сабук як квота ҷудо шуда, Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон   Кристина Пронженкоро дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон, ки натиҷааш дар байни варзишгарони кишвар беҳтарин аст, барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 пешниҳод намуда, Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) ин пешниҳоди Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро пазируфтааст ва ба ин тартиб Кристина Пронженко Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро намояндагӣ мекунад».

Баҳрулло Раҷабалиев, инчунин иттилоъ додааст, ки мутаассифона, номи давандаи дигари тоҷик Даврон Атабоев ба рӯйхати варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 дар давидан ба масофаи 200 метр байни мардон иштирок мекунанд ва он дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) 13 июл нашр гаштааст, ворид нашудааст.

“Мо аз Федератсияи байналмилалии варзиши сабук дар бораи иштироки Даврон Атабоев дар Олимпиадаи Рио рӯзи 14 июл пурсон шудем. Онҳо гуфтанд, ки ин масъала то рӯзи 19 июл баррасӣ мешавад ва моро аз натиҷааш бохабар мекунанд”, – иброз доштааст Баҳрулло Раҷабалиев.  

Ёдрас мешавад, ки Даврон Атабоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки 19 июни соли равон дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд ва меъёри муқарраршударо барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ иҷро кард.

Гуфта мешавад, дарвоқеъ, ба рӯйхати дар сомонаи IAAF нашршуда дар давидан ба масофаи 200 метр миёни мардон ҳамагӣ 200 нафар ворид шудаанд, ки панҷ нафари онҳо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Колумбия, Мексика, Италия ва Бразилия дар мусобиқоти квалификатсионӣ ба мисли Даврон Атабоев натиҷаи 20,50 сония нишон додаанд.

Зикр мегардад, ки ба ин тартиб, то имрӯз ҳафт варзишгари Тоҷикистон – Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду оид ба дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов (ҳарду оид ба шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр) ва Кристина Пронженко (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр) ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки барои гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров Бозиҳои Рио-2016 Олимпиадаи чаҳорум ба шумор меравад. Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов бошад, барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳад кард. Панҷ варзишгари дигари Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.