Шарҳи фарҳанги либоспӯшии миллӣ ба занону духтарони пойтахт

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли равон ва таслиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Кумита баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар ҷаласаи ҳайати мушовара масоили марбут ба пешгирии тақлидкории занон ба фарҳанги бегона, гузаронидани […]

ASIA-Plus



Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли равон ва таслиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм ҷаласаи ҳайати мушовара (коллегия)-и Кумита баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар ҷаласаи ҳайати мушовара масоили марбут ба пешгирии тақлидкории занон ба фарҳанги бегона, гузаронидани рейдҳои муштарак оид ба пӯшидани сатру ҳиҷоб, ташкили вохӯриҳои судманд дар байни аҳолӣ ва дар байни занону духтарон, пурзӯр намудани корбарии усули «Хона ба хона» ҷиҳати пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дигар омилҳои номатлуб, ҷалби духтарон ба мактаб, пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон, худкушиву худсӯзӣ дар байни занон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, баъди анҷоми кори ҷаласа бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, пешгирии ҳурофотпарастӣ ва сатрпӯшии занону духтарон, раиси Кумита Идигул Қосимзода ҳамроҳи кормандонаш ба Боғи фароғатии Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Душанбе рафта, бо шаҳрвандон суҳбатҳои сарироҳӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зикр мегардад, ки зимни суҳбат бо роҳгузарон оид ба масъалаҳои арҷ гузоштан ба анъана ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ, дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватанпарсастӣ суҳбатҳо сурат гирифта, дар раванди суҳбат занон низ моҳияти либоси миллиро дарк намудаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.