Ҳалокати 2 нафар дар сохтмони Роғун аз оғози сол

Аз оғози соли равон зимни анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 2 нафар ҳалок ва боз 9 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи ҳалокшудагону осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар ин давра […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз оғози соли равон зимни анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 2 нафар ҳалок ва боз 9 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи ҳалокшудагону осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар ин давра зимни иҷрои корҳо дар кони металлҳои қиматбаҳои «Зарнисор» низ боз 6 нафар ҳалок ва 3 нафари дигар осеб дидаанд, ки коргарони корхонаи муштараки «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» мебошанд.

Ғайр аз ин, дар корхонаи муштараки «Анзоб»-и Тоҷикистону ИМА – 3 ҳодиса ва дар корхонаи истеҳсоли ангишти «Фон-Яғноб» – 2 ҳодисаи нохуш рух дода, ҳангоми истихроҷи ангишт дар кони «Шӯроб»-и минтақаи шимоли Тоҷикистон 2 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти Хадамоти дар боло зикршуда, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми иҷрои корҳо дар иншооти саноатии ҷумҳурӣ 14 нафар ҳалок ва 14 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

«Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолоти саноатӣ рухдода тафтишҳои махсуси техникӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шуданд», – гуфтанд дар хадамот.

Ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои нохушро дар саноат мутахассисони Хадамот ба риоя нашудани қоидаҳои техникии бехатарӣ дар саноат ва масоили тадорукотӣ нисбат медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.