Гуфтушуниди Тошканду Душанбе оид ба раҳоии чӯпонҳои тоҷик



Намояндагони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ҷиҳати ба ватан баргардонидани ду чӯпон, сокинони шаҳри Панҷакент, ки аввали ҳафтаи гузашта дар қитъаи баҳсии Майкатаи марз бо Ӯзбекистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ боздошт шуда буданд, бо ҳамтоёни ӯзбеки худ гуфтушунид доранд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат ба

Радиои Озодӣ

дар ин робита изҳори умедворӣ кардааст, ки рӯзҳои наздик ду чӯпони тоҷик Гулмурод Кенҷаев ва Ҳусейнбой Холмирзоев ба назди хонаводаҳои худ бармегарданд.

Вай гуфтааст, сабаби боздошти онҳо дар он аст, ки чӯпонҳои тоҷик дар вақти чарондани рама хатти марзеро, ки ҳанӯз ташхис ва аломатгузорӣ нашудааст, ноогоҳона убур карда ва ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштаанд.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки марзбони ӯзбек ба рамаи гӯсфандони онҳо кордор нашуда, танҳо чӯпонҳоро бо худ бурдаанд.

spot_imgspot_img

Популярное