Тасдиқи расмии номзадии Трамп ба мансаби президенти ИМА

Вакилони анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба пешбарии миллиардер Доналд Трамп ба сифати номзад ба мансаби раисҷумҳурӣ ИМА аз ин ҳизб раъй доданд. Аввали маъракаи интихобот аксари коршиносон базудӣ ноком шудани ӯро дар масъалаи пешбарӣ аз ин ҳизб пешгӯӣ карда буданд. Хабаргузории РБК бо истинод ба Reuters дар ин робита менависад , ҳамин тариқ Доналд Трамп ҳамчун […]

ASIA-Plus



Вакилони анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба пешбарии миллиардер Доналд Трамп ба сифати номзад ба мансаби раисҷумҳурӣ ИМА аз ин ҳизб раъй доданд. Аввали маъракаи интихобот аксари коршиносон базудӣ ноком шудани ӯро дар масъалаи пешбарӣ аз ин ҳизб пешгӯӣ карда буданд.

Хабаргузории РБК бо истинод ба Reuters дар ин робита

менависад

, ҳамин тариқ Доналд Трамп ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА расман тасдиқ шуда, аз 2472 вакилони анҷуман 1725 вакилон номзадии Трампро ба ин мансаб ҷонибдорӣ намудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори овозҳои зарурӣ 1237 раъйро ташкил медиҳад.

Санаи 15 июл Трамп губернатори штати Индиана Майкл Пенсро номзади худ ба вазифаи ноиби президент эълон карда, дар анҷуман номзадии ӯ низ тасдиқ шуд.

Маъракаи пешазинтихоботӣ  дар ИМА санаи 8 ноябр бо раъйдиҳии умумӣ ба итмом мерасад. Дар ин маърака Доналд Трамп бо намояндаи Ҳизби демократӣ Ҳилларӣ Клинтон рақобат мекунад, ки ӯ низ аз рӯи натиҷаҳои интихоботи дохилиҳизбӣ бидуни рақиб аз демократҳо боқӣ монд. Баргузории анҷумани Ҳизби демократии ИМА рӯзҳои 25-28 июл дар Филаделфия дар назар аст.

Тибқи маълумоти назарсанҷиҳои гуногун, ки Real Clear Politics доир мекунад, айни замон 43,8% интихобкунандагон ба ҷонибдории Ҳилларӣ Клинтон ва 41,1% амрикоиҳо ба тарафдории Доналд Трамп овоз доданианд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.