Шарҳи тарзи дастрасии раводиди Тоҷикистон ба консулҳои Латвия, Литва ва Эстония

Дар шаҳри Минск вохӯрии консули сафорати Тоҷикистон дар Беларус Хуршед Алимуродзода бо роҳбарони шуъбаҳои консулгарии сафоратхонаҳои Латвия, Литва ва Эстония дар Беларус доир гардид. Тавре намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск иттилоъ медиҳад, дар ин вохӯрӣ масоли марбут ба фаъолияти консулгариҳо ва иқомату кори шаҳрвандони кишварҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин низоми дастрасии апостил дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Минск вохӯрии консули сафорати Тоҷикистон дар Беларус Хуршед Алимуродзода бо роҳбарони шуъбаҳои консулгарии сафоратхонаҳои Латвия, Литва ва Эстония дар Беларус доир гардид.

Тавре намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск иттилоъ медиҳад, дар ин вохӯрӣ масоли марбут ба фаъолияти консулгариҳо ва иқомату кори шаҳрвандони кишварҳо дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин низоми дастрасии апостил дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, консули тоҷик ба ҳамсуҳбатони худ шарҳ додааст, ки апостил дар Тоҷикистон ба санад замима нашуда, дар шакли сертификат тибқи меъёр дода мешавад ва намуди электронӣ дорад. Барои муайян кардани аслӣ будани апостил феҳристи ягонаи электронӣ –

www.apostille.tj

таҳия шудааст, ки тариқи он маълумотҳоро санҷидан имконпазир аст.

Дипломати тоҷик аз ҳамтоҳои худ дархост намудааст, ки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои худро аз ин маълумот огоҳ намуда, ҳамчунин ба онҳо намунаи апостили Тоҷикистонро пешниҳод кардааст.

Зикр мегардад, ки зимни суҳбат консул дар бораи низоми додани раводиди электронӣ низ маълумот дода, қайд кардааст, ки низоми нав ба сабуку соддатар кардани расмиёти дастрасии раводид ба Тоҷикистон, афзоиши шумори сайёҳону тоҷирон ба ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон шаҳрвандони хориҷие, ки ба сифати сайёҳ ё ҷиҳати иҷрои кору ҳалли масъалае ба Тоҷикистон омаданианд, метавонанд дархости электрониро дар сомонаи

www.evisa.tj

пур карда, бидуни ҳозир шудан ба муассисаи консулгарии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди электрониро дастрас намоянд.

Ёдрас мекунем, ки

аввали моҳи июн

палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро якдилона тасдиқ намуд, ки мутобиқи он Вазорати адлия ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба гузоштани апостил барои қонунигардонии ҳуҷҷатҳои расмии дар Тоҷикистон додашуда дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ пайдо карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.