Гумонбарии кормандони милитсияи Хатлон ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ

Се нафар кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешаванд. Муовини сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Суҳроб Саломов дар ин робита иттилоъ дод, ки се нафар кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор барои лату кӯби яке аз боздоштшудагон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, […]

Сайраҳмон Назриев



Се нафар кормандони Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешаванд.

Муовини сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Суҳроб Саломов дар ин робита иттилоъ дод, ки се нафар кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор барои лату кӯби яке аз боздоштшудагон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, айни замон дар боздоштгоҳи тафтишотӣ қарор доранд.

«Кормандони милитсия ба гумони баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ боздошт шуда, нисбати онҳо мутобиқи моддаи «шиканҷа» парванда боз намешавад», – гуфт номбурда, вале аз ифшои ному насаби гумонбаршудагон худдорӣ варзида, танҳо қайд кард, ки тафтишот аз рӯи ин парванда идома дорад.

Зимнан зикр гардид, ки аз оғози соли равон аз ҷониби 7 корманди милитсияи вилояти Хатлон 5 ҷиноят содир шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.