Имкони кумаки муштариёни Tcell ва Beeline ба кӯдакони гирифтори бемории вазнин ва маъюбон

Ширкатҳои мобилии Tcell ва Beeline дар ҳамдастӣ бо фонди «Ормон» рақами ягонаи 1519-ро роҳандозӣ ва фаъол намуданд, ки бо ирсоли воситаву маблағ тариқи он ба кӯдакони гирифтори бемории вазнин ва маъюбон кумак кардан имкон дорад. Ирсоли 1 SMS ба он 1 сомонӣ арзиш дорад. Фонди хайрияи «Ормон» соли равон дар доираи барномаи писандидаи ҳамноми он […]

ASIA-Plus



Ширкатҳои мобилии Tcell ва Beeline дар ҳамдастӣ бо фонди «Ормон» рақами ягонаи 1519-ро роҳандозӣ ва фаъол намуданд, ки бо ирсоли воситаву маблағ тариқи он ба кӯдакони гирифтори бемории вазнин ва маъюбон кумак кардан имкон дорад. Ирсоли 1 SMS ба он 1 сомонӣ арзиш дорад.

Фонди хайрияи «Ормон» соли равон дар доираи барномаи писандидаи ҳамноми он дар ширкати телевизиону радиои «СМ-1» (вилояти Суғд) таъсис дода шудааст.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» рӯзноманигор ва муассиси фонд Парвина Азизова изҳор дошт, ки фонд баҳри кумак ба муаллифони номаҳои навмеду маъюсона, ки ба идораи ширкат ворид мешаванд, бунёд шудааст.

«Мо аз шахсоне нома мегирем, ки дар вазъияти ноилоҷ мондаанд, масалан онҳо барои муолиҷаи кӯдак пул надоранд ё бинобар мушкилоти солимӣ ҳаёташон зери хатар қарор гирифтааст. Дар ин ҳолатҳо хоҳиши аз ҳама аввал кумаку бепарво набудани атрофиён ба ин мушкилот аст. Фонди мо ба бисёре аз муҳтоҷон кумак карда, ин ба идомаи кор рӯҳу илҳом мебахшад. Аз ҳамаи касоне, ки моро дастгирӣ мекунанду аз мушкилоти афроди бегона худро канор намегиранд, миннатпазирем», – қайд кард П.Азизова.

Ба гуфтаи ӯ, рақами кӯтоҳи 1519-ро барои фонди «Ормон» Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ бепул танҳо барои фаъолияти хайрия ҷудо карда, хизматгузориҳои техникии ширкатҳои Tcell ва Beeline низ ройгон пешниҳод мешаванд.

«Дар навбати худ ширкати телевизиону радиои «СМ-1» ва фонди хайрияи «Ормон» кафолат медиҳанд, ки ҳамаи маблағу воситаҳои тариқи ин иқдом бадастомада барои муоилиҷаи кӯдакони бемору маъюбон масраф хоҳанд шуд», – афзуд П.Азизова.

Дар сомонаи ширкати телевизиону радиои «СМ-1» –  

www.cm-1.tv

дар бораи кумакҳои алллакай расида ба шахсон ва ҳамчунин афроде, ки бениҳоят ба чунин кумакҳо ниёз доранд, маълумот дарёфт кардан мумкин аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.