Гуфтушуниди Тошканду Душанбе оид ба раҳоии чӯпонҳои тоҷик

Намояндагони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ҷиҳати ба ватан баргардонидани ду чӯпон, сокинони шаҳри Панҷакент, ки аввали ҳафтаи гузашта дар қитъаи баҳсии Майкатаи марз бо Ӯзбекистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ боздошт шуда буданд, бо ҳамтоёни ӯзбеки худ гуфтушунид доранд. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ […]

ASIA-Plus



Намояндагони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ҷиҳати ба ватан баргардонидани ду чӯпон, сокинони шаҳри Панҷакент, ки аввали ҳафтаи гузашта дар қитъаи баҳсии Майкатаи марз бо Ӯзбекистон ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ боздошт шуда буданд, бо ҳамтоёни ӯзбеки худ гуфтушунид доранд.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев дар суҳбат ба

Радиои Озодӣ

дар ин робита изҳори умедворӣ кардааст, ки рӯзҳои наздик ду чӯпони тоҷик Гулмурод Кенҷаев ва Ҳусейнбой Холмирзоев ба назди хонаводаҳои худ бармегарданд.

Вай гуфтааст, сабаби боздошти онҳо дар он аст, ки чӯпонҳои тоҷик дар вақти чарондани рама хатти марзеро, ки ҳанӯз ташхис ва аломатгузорӣ нашудааст, ноогоҳона убур карда ва ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштаанд.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки марзбони ӯзбек ба рамаи гӯсфандони онҳо кордор нашуда, танҳо чӯпонҳоро бо худ бурдаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.