Довталабии 17 нафар толибилмони тоҷик ба 1 квота дар мактабҳои олии Русия

ASIA-Plus



Роҳбари «Россотрудничество» Любов Глебова дар


мусоҳиба


ба нашрияи «Известия» изҳор доштааст, ки барои таҳсил тибқи квота дар мактабҳои олии Русия маъмулан бештар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дархостномаҳо ворид мешаванд.

«Дар Тоҷикистон барои 342 ҷой тибқи квота 5 ҳазору 702 нафар ва дар Ӯзбекистон барои 150 квота – беш аз 4 ҳазор нафар довталабӣ мекунанд», – гуфтааст ӯ.

Номбурда қайд кардааст, ки довталабони кишварҳои хориҷӣ натанҳо тибқи квота, балки мувофиқи пардохти маблағи шартнома низ ба таҳсил меоянд. «Шумори ҷойҳои буҷетӣ барои хориҷиён бетағйир – 15 ҳазор ҷой боқӣ монда, вале шумори донишҷӯёни хориҷӣ аз рӯи шаклҳои гуногуни таҳсил дар Русия 187 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва имсол тибқи пешгӯиҳо шояд ба 230 ҳазор нафар расад», – таъкид доштааст Любов Глебова.

Ба гуфтаи ӯ, имсол тарзи супурдани ҳуҷҷатҳо осонтар шуда, қаблан ҳуҷҷатҳоро ба комиссияи қабул пешниҳод кардан зарур буд. «Акнун ҳамаи маълумотро метавон дар шакли электронӣ тариқи портали мо пур кард», – иброз доштааст вай.

Роҳбари «Россотрудничество» зикр кардааст, ки тибқи квота аз ҳама бештар ба Ветнам – 855 ҷой ҷудо шуда, шумори ҷойҳо барои чанде аз кишварҳо тариқи зайл аст: Чин – 800 ҷой, Украина – 600 ҷой, Тунис – 10 ҷой (довталабон – қариб 2 ҳазор нафар), Гаити – 3 ҷой (хоҳишмандони таҳсил – 1248 нафар). 

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!