Қатъи фаъолияти ҳамаи мадрасаҳои вилояти Суғд

Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор кард, ки ҳамаи мадрасаҳои қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, ки қаблан фаъолияташон муваққатан боздошта шуда буд, баста шуданд. Ӯ хотиррасон намуд, ки фаъолияти ҳамаи панҷ мадраса дар вилояти Суғд моҳи июни […]



Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати вилояти Суғд Суҳроб Рустамзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор кард, ки ҳамаи мадрасаҳои қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, ки қаблан фаъолияташон муваққатан боздошта шуда буд, баста шуданд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки фаъолияти ҳамаи панҷ мадраса дар вилояти Суғд моҳи июни соли 2013 мутаваққиф шуда буд. «Фаъолияти ин мадрасаҳо то аз ҷониби ин муассисаҳо дастрас шудани иҷозатнома аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва розигии сохторҳои дахлдор боздошта шуда буд», – гуфт С.Рустамзода.

Ба қавли номбурда, дар робита ба мутобиқат накардани оинномаи ин муассисаҳои таълимӣ ба талаботи муқарраршудаи таҳсил дар мадрасаҳо, дигарбора ба онҳо барои фаъолият иҷозатнома дода нашудааст.

Қобили зикр аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ расман 6 мадраса амал мекарданд, ки 5-тои он дар қаламрави вилояти Суғд, дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дошта, 1-тои он дар шаҳри Турсунзода амал мекунад.

Зимни нишасти хабарии соли гузашта, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов ба масъалаи мазкур

каме рӯшанӣ андохта

, зикр карда буд, ки мадрасаҳо бинобар сабаби ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёрҳои байнулмилалӣ, иҷозатномаи Вазорати маориф ва илмро дарёфт накардаанд ва аз ин рӯ, фаъолияти онҳо қатъ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.