Эрдуғон дар Туркия вазъи фавқулода эълон кард

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки дар кишвар ба муддати се моҳ вазъи фавқулода ҷорӣ мешавад. Нашрияи интернетии Meduza бо истинод ба Associated Press дар ин робита менависад , зарурати ҷорӣ шудани вазъи фавқулодаро президент муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳо ба демократияи Туркия унвон карда, изҳор доштааст, ки ин иқдом ба маҳдуд сохтани «озодиҳои […]



Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки дар кишвар ба муддати се моҳ вазъи фавқулода ҷорӣ мешавад.

Нашрияи интернетии Meduza бо истинод ба Associated Press дар ин робита

менависад

, зарурати ҷорӣ шудани вазъи фавқулодаро президент муқовимат алайҳи хатару таҳдидҳо ба демократияи Туркия унвон карда, изҳор доштааст, ки ин иқдом ба маҳдуд сохтани «озодиҳои заминавӣ» нигаронида нашудааст.

Дар муқаррароти вазъи фавқулода дар Туркия аз ҷумла маҳдудиятҳо дар озодии ҳаракату равуо, баргузории маҷлису чорабиниҳои оммавӣ, роҳандозии соати комендантӣ, таваққуфи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи Конститутсияи Туркия, Шӯрои амнияти миллӣ ба муҳлати на бештар аз 6 моҳ метавонад дар кишвар вазъи фавқулода эълон намояд. Ҷорӣ шудани вазъи фавқулода бояд аз ҷониби парлумон тасдиқ карда шавад, ки барои бекор кардани он низ ҳуқуқ дорад. Ҳангоми вазъи фавқулода ҳукумат вобаста ба вазъ дар кишвар қарорҳое қабул карда метавонад, ки ҳукми қонунӣ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 15 ба 16 июл дар Туркия аз ҷониби низомиён кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъди ҳодиса 

бо пахши маълумоти расмӣ

изҳор намуд, ки миёни нафароне, ки бар асари ҳодисаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Дар доираи таҳкими тадбирҳои амниятӣ президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар 

таҳти посбонӣ гирифтани ҳарими ҳавоии Туркия

 дастур дод.

Кордори муваққатии Туркия дар Тоҷикистон Озкан Гултекин дар мавриди ин масъала ба «Азия-Плюс»

изҳор дошта буд

, ки гурӯҳи ошӯбгароне, ки шаби 15 июл ба табаддулоти давлатӣ дар Туркия талош варзид, як қисмати ночизи артиши Туркия мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.