Шумори субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ 8,1% афзуд

Ба санаи 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон 283,5 ҳазор адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21,2 ҳазор адад ё худ 8,1% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳамзамон дар миқёси ҷумҳурӣ  163,6 ҳазор адад хоҷагиҳои деҳқонии дорои Шаҳодатномаи […]



Ба санаи 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон 283,5 ҳазор адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21,2 ҳазор адад ё худ 8,1% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳамзамон дар миқёси ҷумҳурӣ  163,6 ҳазор адад хоҷагиҳои деҳқонии дорои Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 ҳазор адад ё худ 6,3 фоиз зиёд мебошад.

«Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ маҷмӯан тавассути Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон 124 лоиҳа ба маблағи 109,3 млн.сомонӣ дастгирӣ ёфт», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, дар ҳошияи омодагӣ ҷашни ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва таҷлили “Рӯзи соҳибкор” (14 октябр) баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти “Хатлон-2016”, Конфронси илмӣ дар мавзўи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” ва Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 ба нақша гирифта шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.