Довталабии 17 нафар толибилмони тоҷик ба 1 квота дар мактабҳои олии Русия

Роҳбари «Россотрудничество» Любов Глебова дар мусоҳиба ба нашрияи «Известия» изҳор доштааст, ки барои таҳсил тибқи квота дар мактабҳои олии Русия маъмулан бештар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дархостномаҳо ворид мешаванд. «Дар Тоҷикистон барои 342 ҷой тибқи квота 5 ҳазору 702 нафар ва дар Ӯзбекистон барои 150 квота – беш аз 4 ҳазор нафар довталабӣ мекунанд», – гуфтааст […]



Роҳбари «Россотрудничество» Любов Глебова дар


мусоҳиба


ба нашрияи «Известия» изҳор доштааст, ки барои таҳсил тибқи квота дар мактабҳои олии Русия маъмулан бештар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дархостномаҳо ворид мешаванд.

«Дар Тоҷикистон барои 342 ҷой тибқи квота 5 ҳазору 702 нафар ва дар Ӯзбекистон барои 150 квота – беш аз 4 ҳазор нафар довталабӣ мекунанд», – гуфтааст ӯ.

Номбурда қайд кардааст, ки довталабони кишварҳои хориҷӣ натанҳо тибқи квота, балки мувофиқи пардохти маблағи шартнома низ ба таҳсил меоянд. «Шумори ҷойҳои буҷетӣ барои хориҷиён бетағйир – 15 ҳазор ҷой боқӣ монда, вале шумори донишҷӯёни хориҷӣ аз рӯи шаклҳои гуногуни таҳсил дар Русия 187 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва имсол тибқи пешгӯиҳо шояд ба 230 ҳазор нафар расад», – таъкид доштааст Любов Глебова.

Ба гуфтаи ӯ, имсол тарзи супурдани ҳуҷҷатҳо осонтар шуда, қаблан ҳуҷҷатҳоро ба комиссияи қабул пешниҳод кардан зарур буд. «Акнун ҳамаи маълумотро метавон дар шакли электронӣ тариқи портали мо пур кард», – иброз доштааст вай.

Роҳбари «Россотрудничество» зикр кардааст, ки тибқи квота аз ҳама бештар ба Ветнам – 855 ҷой ҷудо шуда, шумори ҷойҳо барои чанде аз кишварҳо тариқи зайл аст: Чин – 800 ҷой, Украина – 600 ҷой, Тунис – 10 ҷой (довталабон – қариб 2 ҳазор нафар), Гаити – 3 ҷой (хоҳишмандони таҳсил – 1248 нафар). 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.