Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён рӯзи 19 июл нусхаи Эътимодномаи худро ба сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии и Туркия Шевки Мутевеллиоглу супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо раванди муносибат ва ҳамкориҳои ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо омодагӣ изҳор намуданд.
Гуфта мешавад. Шевки Мутевеллиоглу сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани маъмурияти дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.





