Мулоқоти раиси пойтахт бо губернатори Нижегород

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  рӯзи 19 июли соли 2016 губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Валерий Шансевро бо ҳайати ҳамроҳонаш ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шахрдории пойтахт, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҷаноби Валерий Шансевро дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварамон бо Федератсияи Россия ва минтақаҳои он, ки дар партави сиёсати […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  рӯзи 19 июли соли 2016 губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Валерий Шансевро бо ҳайати ҳамроҳонаш ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шахрдории пойтахт, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи ҷаноби Валерий Шансевро дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварамон бо Федератсияи Россия ва минтақаҳои он, ки дар партави сиёсати созандаи Сарвари давлатамон баҳри густариши пайвастаи робитаҳои ҳасанаву гуногунҷабҳа тақвияти тоза касб менамоянд, фоли нек арзёбӣ намуд.

Идома бар он, зикр сохт, ки ин боздид ва барномаи сафари корӣ воқеан ҷиҳати таҳкими робитаҳо ва роҳандозии барномаҳои муштараки хамкориҳо миёни шаҳри Душанбе ва ин субъекти Федератсияи Россия, ки дорои иқтидорҳои бесобиқаи саноатию истеҳсолӣ ва илмию пажӯҳишӣ мебошад, бобати рушди инфрасохторӣ, таҷдиди заминаҳои моддию техникии нақлиётӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимми хоҷагидории шаҳр тавассути ташкили корхонаҳои саноатию истеҳсолии муштарак, ки самараи онҳо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба мутахассисони ватанӣ мегардад, саҳми босазо хоҳад гузошт.

 Бо тақвият аз мантиқи ҳамкориҳои ҷойдоштаи шаҳрдорӣ  бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Группа ГАЗ”, ки нақлиёти гуногунтаъиноти истеҳсоли он дар системаи нақлиёти ҷамъятию коммуналии шаҳр хизматрасонии муваффақона доранд, зимни мулоқот таъкид гашт, ки ҷамъияти мазкур имкон дорад дар тендерҳои эълонменамудаи шаҳрдорӣ ширкат варзад.

Валерий Шансев дар навбати худ аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти самимӣ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори сипос намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо муаррифии лоиҳаҳои мутақобилан судманд, нисбати татбиқи онҳо изҳори омодагӣ кард. Аз ҷумла, афзуд, ки зери сарпарастии Губернатори вилоят ташкилдиҳии корхонаҳои муштарак  дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда мешаванд.

Бо ин мақсад ва озмӯзиши амиқи барномаҳои ҳамкорӣ зимни мулоқот ба тафоҳум расиданд, ки Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вилояти Нижегороди Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ  ба имзо расад, ки дар иртибот ба ин аз ҳар ду ҷониб гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Идома бар он, дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо масоили ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии вилояти Нижегрод, таъминоти мактабҳои русии таҳсилоти миёнаи пойтахт бо омӯзгорон, китобҳои дарсӣ  ва лавозимоти хонишро баррасӣ намуда оид ба ҳалли мусбии онҳо ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷом Валерий Шансев аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба миён овард, ки баҳри таҳкиму рушди ҳамкориҳо дар вақти барояшон муносиб ба вилояти Нижегрод бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.