Мусоидати Минск ба омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозор

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода санаи 20 июли соли 2016 бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Беларус Аркадий Шклаяр  дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ муҳокима намудани  масъалаҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар омӯзиш ва таҳияи сиёсат дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими […]



Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода санаи 20 июли соли 2016 бо ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Беларус Аркадий Шклаяр  дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ муҳокима намудани  масъалаҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар омӯзиш ва таҳияи сиёсат дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон буд.

Қайд мешавад, ки донишкадаи мазкур дар миқёси давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) донишкадаи заминавӣ  буда,  дар он мутахассисони соҳаи таҳсилоти касбии давлатҳои (ИДМ) ба бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Гуфта мешавад, тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва бозомӯзии роҳбарони муассисаҳои системаи таҳсилоти ибтидоии касбии вазорат, инчунин таҳия намудани нақшаи таълимӣ ва барномаҳо дар асоси талаботи бозори меҳнат, стандартҳои касбӣ ва расонидани кумаки методӣ дар ташкили раванди таълиму тарбия  иброз намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.