15 задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз оғози сол

Дар Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардида, қайд шуд, ки тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ марзбонони тоҷик беш аз 695 килову 732 грамм маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намудаанд. Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, давоми 6 […]



Дар Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардида, қайд шуд, ки тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ марзбонони тоҷик беш аз 695 килову 732 грамм маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира намудаанд.

Тавре сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 151 далели марзшиканӣ, 66 ҳолати риоя нашудани реҷаи сарҳадӣ ба қайд гирифта шуда, 121 нафар марзшиканон ва 83 нафар вайронкунандагони қоидаҳои реҷаи сарҳадӣ боздошт шудаанд.

Дар ин давра дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 15 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, 7 кӯшиши марзшиканӣ пешгирӣ, 16 нафар қочоқбарони маводи мухаддир боздошт, 7 нафар марзшиканон кушта ва 2 марзшикан маҷрӯҳ шудаанд.

Тайи ним сол марзбонон 19 адад силоҳи оташфишон ва 415 дона тиру муҳимоти гуногуни ҷангӣ ва 297 кило маводи таркандаро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар марзбонон дар ин давра 29 амалиёти махсус гузаронидаанд, ки 12-то аз ин амалиёт бо КДАМ Тоҷикистон амалӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.