«Саводнокии молиявӣ» – лоиҳаи муштараки «Азия Плюс» ва «Спитамен Бонк»

ТАЪРИХИ ҚАРЗӢ Дар тамоми мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ инкишофёфта, таърихи қарзӣ яке аз қисмҳои таркибии ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба туфайли таърихи қарзии мусбат ба аҳолӣ сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо шартҳои манфиатнок ва қулай дастрас мегарданд. Дар Тоҷикистон, рӯз то рӯз, арзиши таърихи қарзии “хуб” зиёд шуда истодааст. Ҷамъоварӣ,  таҳлил ва  тайёр кардани маълумот дар […]


ТАЪРИХИ ҚАРЗӢ

Дар тамоми мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ инкишофёфта, таърихи қарзӣ яке аз қисмҳои таркибии ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба туфайли таърихи қарзии мусбат ба аҳолӣ сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо шартҳои манфиатнок ва қулай дастрас мегарданд.

Дар Тоҷикистон, рӯз то рӯз, арзиши таърихи қарзии “хуб” зиёд шуда истодааст. Ҷамъоварӣ,  таҳлил ва  тайёр кардани маълумот дар бораи таърихи қарзӣ аз ҷониби Бюрои қарзию-иттиллоотии Тоҷикистон (БҚИТ) амалӣ мешавад.

 Биёед масъаларо бо таври мураттаб аз назар гузаронем. Бояд аввал муаяйн кард, ки худи таърихи қарзӣ чист? Таърихи қарзӣ ин маълумот дар бораи кай, чӣ миқдор ва дар кадом ташкилоти молиявию қарзӣ шумо қарз гирифтаед (ё доред) ва  чӣ тавр  ӯҳдадориҳои худро, яъне пардохти қарзро, ба ҷо меоред. Бояд қайд намуд, ки дар бисёри мамлакатҳои ғарб бюрои қарзӣ на танҳо маълумот оид ба қарз, балки дигар намуди пардохтҳои мизоҷонро ба мисли истифодаи барқ, алоқаи мобилӣ ва ғ. ба қайд мегиранд.

Чаро доштани таърихи қарзии мусбат зарур аст? Пеш аз ҳама таърихи қарзии мусбат эътибори инсон аст. Агар таърихи қарзии шахс манфӣ бошад, дарҳои ташкилотҳои молиявию қарзӣ назди ӯ баста мешаванд.

Таърихи қарзии мусбат чӣ бартарӣ дорад?

Ҳангоми баровардани қарор оид ба додани қарз ва ё рад кардани дархости он, бонкҳо, ба ғайр аз хулосаи таҳлили иҷтимоӣ-молиявӣ, ба таърихи қарзӣ низ аҳамиятӣ зиёд медиҳанд. Бонкҳо, одатан, дархости шахсонеро, ки дорои таърихи қарзии манфӣ ҳастанд, рад мекунанд.

Дар навбати худ, таърихи қарзии мусбат бартариҳои зеринро медиҳад:

Якум, мӯҳлати дида баромадани ҳуҷҷатҳо кӯтоҳтар мешавад.

Дуввум, номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, , нисбати номгӯи ҳуҷҷатҳо барои мизоҷе, ки ҳоло таърихи қарзӣ надорад, кӯтоҳтар мегардад.

Сеюм, барои мизоҷони дорои таърихи қарзии мусбат, фоизҳо метавонанд пасттар бошанд.

Дар куҷо дар бораи таърихи қарзӣ маълумот дастрас кардан мумкин аст? Маълумотро дар бораи таърихи қарзӣ дар Бюрои қарзию-иттилоотии Тоҷикистон, бо нишонии ш.Душанбе к.Бухоро 13 ҳуҷраи 12 ва ё дар филиалҳову марказҳои хизматрсонии бонкии ҶСП “Спитамен Бонк” ба даст овардан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, таърихи қарзии мусбат ба соҳибаш бартарияти зиёд медиҳад. Он дар бораи масъулиятнкоӣ, ҷиддият ва шарики дурурсткор будани қарзгирандаро гувоҳӣ медиҳад, ки ин дар навбати худ, таваҷҷӯҳи бонкҳову ташкилотҳои молиявии қарзиро ба он шахс ҷалб мекунад. Ғайр аз ин, таърихи қарзӣ бо як маъно эътибори шахс буда, таърихи қарзии мусбат бошад “корти кории” қарзгиранда ба ҳисоб меравад.

Таърихи қарзии худро қадру ҳимоя намоед!

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-Плюс” дар соҳаи баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.