Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ баргузор мешавад; – Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад; – Дар бинои «Тоҷикматлубот» оид ба […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ баргузор мешавад;

– Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад;

– Дар бинои «Тоҷикматлубот» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8680

сомонӣ;


1

евро –

8.6957

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1215

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1983 —

Дар пойгоҳи антарктикии «Восток» ҳарорати пасттарин дар сайёра – 89,2 дараҷа сардӣ ба қайд гирифта шуд.


1994

– Қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» қабул шуд.


2011

— Палатаи болоии парлумон қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон»-ро якдилона ҷонибдорӣ намуд.


2012

— Дар шарқи Тоҷикистон сардори Раёсати КДАМ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал-майор Абдулло Назаров кушта шуд.


1932-1996

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ.


1934

– Мавлуди коргардони кино Анвар Тӯраев.


1963

– Зодрӯзи нависанда Сиёвуш.



Вазъи обуҳаво




Дар




вилояти




Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+23, рӯзона +39+41.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.