Эътирози навбатии Ӯзбекистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони ҳамтои тоҷики худ Қоҳир Расулзода мактуб ирсол намуда, бори дигар ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун эътироз баён намудааст. Тавре дар сомонаи расмии Вазрати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, номаи нахуствазири кишвари ҳамсоя дар робита ба санаи 1 июл нашр шудани маълумот дар бораи имзои созишномаи қолабӣ […]

ASIA-Plus



Нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони ҳамтои тоҷики худ Қоҳир Расулзода мактуб ирсол намуда, бори дигар ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун эътироз баён намудааст.

Тавре дар сомонаи расмии Вазрати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита иттилоъ дода мешавад, номаи нахуствазири кишвари ҳамсоя дар робита ба санаи 1 июл нашр шудани маълумот дар бораи имзои созишномаи қолабӣ миёни ҶСК «НБО Роғун» ва ширкати итолиёвии «Salini Impegilo» дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун фиристода шудааст.

Дар ин нома қайд мешавад, ки «як қатор таҳқиқот дар майдони сохтмони ин иншоот ва дар навбати аввал ташхиси комплексии байнулмилалӣ таҳти сарпрастии Бонки ҷаҳонӣ тасдиқ карданд, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба хатарҳои бузургмиқёс барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ марбут аст, ки дар ин бора чандин маротиба раҳбарият ва коршиносони кишварҳои ҳамсоя изҳори назар карда, ҳукумати Тоҷикистон ҳам аз ин масъала ба хубӣ огаҳ аст».

«Лозим меояд чандин маротибаҳо хотиррасон созем, ки лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта, беш аз 35 сол пеш дар солҳои бузургсохтмонии шӯравӣ таҳия гардида, имрӯз бо назардошти талабот ва таҷрибаи муосир ба бозбинии ҷиддӣ ниёз дорад», – омадааст дар мактуб.

Гуфта мешавад, ҷониби Ӯзбекистон бар ин назар аст, ки мушкилоти камбуди барқ дар Тоҷикистонро метавон аз ҳисоби сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва миёнаи барқи обӣ бо истифода аз дарёҳои сершумор ва захираҳои обӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳаллу фасл намуд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гирифтани чунин номаро тасдиқ намуда, изҳор карданд, ки ояндаи наздик онро шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод.

Сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун бинобар назари мухолифи ҳукуматдорони Ӯзбекистон муддати солҳои зиёд ба таъхир афтода буд. Дар Ӯзбекистон доир ба эҳтимоли рахна шудани сарбанд ҳангоми заминларза ҳарф мезананд. Аммо ташвишҳои кишвари ҳамсояро дар Тоҷикистон бепоя хонда, изҳор медоранд, ки дар кишвар дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ҳамин навъи сарбанд фаъолият доранд, ки устувории худ нисбати заминларзаро тӯли даҳсолаҳо собит сохтанд.

Моҳи августи соли 2014 натиҷаҳои арзёбии фаннӣ ва экологии ташхиси нерӯгоҳи Роғун, ки бо фармоиши Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуданд, ба маърази ом гузошта шуданд. Коршиносон ба чунин хулоса расиданд, ки сохтмони нерӯгоҳ ба муҳити зист зиён намеоварад.

Дар Тошканд бо арзёбии Бонки ҷаҳонӣ қотеъона норозигӣ изҳор намуданд. Дар вохӯрии намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии гузориши коршиносони Бонки ҷаҳонӣ муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон, вазири молияи ин кишвар Рустам Азимов изҳор дошт, ки «Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ гуна ҳолат ин лоиҳаро дастгирӣ нахоҳад кард».

Санаи 1 июли соли 2016 Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҷаласаи навбатии рӯзи 27 июни Комиссия оид ба баргузории тендерҳо (музоядаҳо)-и байнулмилалии сохтмони иншооти НБО Роғун ширкати итолиёвии Salini Impregilo S.p.A. миёни довталабони тендери байнулмилалии «Дар бораи лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО Роғун (лоти 2 – «Сохтмони планта») ғолиб дониста шуд. Ширкати Salini Impregilo-и Италия 

ният дорад

, ки аллакай соли 2018 ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад. Salini Impregilo S.p.A. яке аз ширкатҳои маъруфтарини ҷаҳон оид ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ маҳсуб меёбад.

Дар 

маълумоти

 сомонаи расмии ширкат дар ин робита қайд шуда буд, ки рӯзи 1 июл дар Душанбе оид ба сохтмони НБО Роғун ба маблағи 3,9 млрд. доллари ИМАсозишномаи қолабӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин мебояд гуфт, санаи 1 июли соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салиниро 

ба ҳузур пазируфта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.