Сохтмони бузургтарин масҷиди ОМ дар Душанбе дар арафаи анҷомёбист

– Лоиҳаи сохтмони бинои Донишгоҳи исломӣ дар Душанбе то охири ҳамин сол таҳия мешавад, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода. Ӯ қайд кард, ки ду сол пеш ҳукумат ба Кумита супориш додааст, ки лоиҳаи сохтмони бинои муосири Донишгоҳи исломӣ дар Душанберо барои таҳсили 1,5 ҳазор […]

Пайрав Чоршанбиев



– Лоиҳаи сохтмони бинои Донишгоҳи исломӣ дар Душанбе то охири ҳамин сол таҳия мешавад, – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода.

Ӯ қайд кард, ки ду сол пеш ҳукумат ба Кумита супориш додааст, ки лоиҳаи сохтмони бинои муосири Донишгоҳи исломӣ дар Душанберо барои таҳсили 1,5 ҳазор нафар донишҷӯён таҳия созад. «Бо итминон гуфта метавонам, ки ин лоиҳа то охири сол омода ва ба ҳукумат пешниҳод мешавад ва баъди қабули он, ба ҷустуҷӯи сармоягузор оғоз мекунем», – иброз дошт Аҳмадзода.

Номбурда таъкид дошт, ки сохтмони бинои Донишгоҳи исломӣ дар тарафи чапи бинои масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Ҷамшед Аҳмадзода, то охири ҳамин моҳ корҳои сохтмони масҷиди бузургтарин дар қаламрави Осиёи Марказӣ (ОМ) дар Душанбе ба итмом мерасанд, ки дар як вақт 115 ҳазор нафар ибодаткунандагонро қабул карда метавонад.

Аҳмадзода зикр кард, ки аз ҷониби паймонкори лоиҳа – ширкати «СТС иншоот» ба маблағи беш аз 39,2 млн. доллари ИМА корҳои сохтмон ба иҷро расида, то охири сол корҳои сохтмонӣ ба охир мерасанд ва сипас корҳои насбу ороиши дохилӣ ва ободонии қаламрави масҷид шурӯъ мешавад.

Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмони масҷиди мазкур дар Душанбе моҳи октябри соли 2011 оғоз гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.