ДДХ бори нахуст дар сегонаи беҳтарин мактабҳои олӣ

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) бори нахуст ба феҳристи сегонаи беҳтарин мактабҳои олии Тоҷикистон шомил гардид. «Соли хониши имсол барои донишгоҳ хеле пурсамар буд. Дар маҷлиси ҷамъбастии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ рейтинги макотиби олии кишвар эълон шуда, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мақоми сеюмро касб […]

Баҳром Файзуллоев



Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) бори нахуст ба феҳристи сегонаи беҳтарин мактабҳои олии Тоҷикистон шомил гардид.

«Соли хониши имсол барои донишгоҳ хеле пурсамар буд. Дар маҷлиси ҷамъбастии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ рейтинги макотиби олии кишвар эълон шуда, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мақоми сеюмро касб кард», – изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ ректори ДДХ Анвар Мақсудов.

Ба гуфтаи ректор, дар Олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ низ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» ДДХ баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол кардааст.

Роҳбари муассисаи таълимӣ ҳамчунин ба журналистон дар бораи мубориза бо падидаҳои коррусмионӣ дар донишгоҳ, ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва давоми ду соли охир ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро пайваст нашудани ҳеҷ кадоме аз донишҷӯёни ДДХ маълумот дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.