Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Манучеҳр Хуҷаев, Зоирҷон Ёров, Азиз Юнусов, Хуршедҷон Бозоров ва Фирӯз Бойматовро ба иттиҳоми пайравӣ ба равияи мамнӯъи Салафия ҳар кадомеро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳияти айбдорӣ аз он иборат аст, ки Хуҷаев М.Ҷ.тахминан моҳҳои октябр-ноябри соли 2006 аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, дар онҷо бо “Абдураҳмон”ном шахс шиносоӣ пайдо карда, аз вай таълимоти равияи экстремистии динии “Салафия”-ро омӯхта, аз ҳамон вақт то ҳол ҳамчун аъзои ин равияиштирок карда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо мақсади паҳн намудани ин равия бо шаҳрвандон Ёров З.А., Юнусов А.В., Бозоров Х.Ю.ва Бойматов Ф.Т.дар давоми моҳи декабри соли 2013 якчанд маротиба дар қурутобхонаи “Ҳасан”, ки дар маҳаллаи 101-уми шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст,ҷамъ омада, дар бораи ҷалб намудани онҳо ба ин равия ташвиқот бурдааст.
Юнусов А.В., Бозоров Х.Ю.ва Бойматов Ф.Т.бошанд, тахминан моҳҳои сентябр-октябри соли 2014 бо мақсади сайқал додани дониши худ бо тариқи телефонҳои мобилии худ ба сомонаи интернетии барномаи ’’Вотсап” даромада, ба гурӯҳи “Ҳикмат-14” аъзо шуда, дарсҳои равияи экстремистии “Салафия”-ро омӯхта, ба ташвиқу тарғиб ва пайравии таълимоти ин равия машғул гардидаанд. Хуҷаев М.Ҷ. баъди шомил шудан ба равияи мазкур, ки фаъолияти он дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.12.2014 ҳамчун иттиҳоди экстремист ӣэътироф ва манъ карда шудааст, дар масҷидҳои шаҳри Душанбе ва манзили истиқоматиаш намозҳояшро мувофиқи аҳкоми равияи“Салафия” ба ҷо овардааст.





