Анонс
– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарии Вазорати фарҳанги ҶТ баргузор мешавад;
– Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад;
– Дар Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
7.8685
сомонӣ;
1
евро –
8.6703
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.12
03
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1941
– Халабонони ҳавопаймоҳои қиркунандаи шӯравӣ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои зиддиҳавоӣ нахустин ҳуҷуми шадиди беш аз 250 ҳавопаймоҳои бомбафкани фашистӣ ба Маскавро муваффақона зада гардонида, 22 ҳавопаймои душманро нобуд карданд.
1989
— Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қонун «Дар бораи забон»-ро қабул кард.
2002
– Дар Душанбе миёни ҳукумати ИМА ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки техникӣ дар таҳияи қонунгузорӣ оид ба маблағгузории хурд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
2009
— Зимни суханронӣ дар маҷлис ба муносибати қабули қонун «Дар бораи забон» Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди ҳукумати ҷумҳуриро пешниҳод намуд.
2010
— Дар гузаргоҳи марзии «Панҷи Поён» маҷмааи нави назорати гумрукӣ боз шуд.
1935
– Зодрӯзи рассом Рашид Абдурашидов.
1938-2010
– Мавлуди оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фаттоҳ Одинаев.
1939
– Зодрӯзи Нависандаи халқии Тоҷикистон Темур Пӯлодов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28.
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +3+8, рӯзона +16+21.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +36+39.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +24+26.





