ТАЛКО истеҳсоли алюминии аввалияро 13,6% афзуд

Нимсолаи аввали соли равон дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) беш аз 73,1 ҳазор тонна (6 моҳи соли 2015 – беш аз 64,3 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 13,6% бештар аст. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, истеҳсоли маҳсулот «дар шароити душвори моливу иқтисодии марбут […]



Нимсолаи аввали соли равон дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) беш аз 73,1 ҳазор тонна (6 моҳи соли 2015 – беш аз 64,3 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 13,6% бештар аст.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, истеҳсоли маҳсулот «дар шароити душвори моливу иқтисодии марбут ба дурӣ аз манбаъҳои ашёи хоми асосӣ, мушкили таъминот бо мавод ва дигар захираҳо, таҷҳизоти кӯҳна ва фарсудашуда ва ҳамчунин таъсири манфии буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ» ҷараён дорад.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти расмӣ, нимсолаи аввали соли 2016 нишондиҳандаҳои нархи алюминий дар Биржаи металлҳои Лондон (LME) ба таври назаррас коҳиш ёфта, нархи пасттарин то сатҳи 1453 доллари ИМА барои 1 тонна расидааст ва дар сурати ба ҳудуди 2 ҳазор долллари ИМА баробар будани нархи аслии металли Тоҷикистон, миёни нархи фурӯш ва арзиши аслӣ ба миқдори 400-500 доллари ИМА аз ҳар 1 тонна номувозинатӣ ба вуҷуд меояд.

«Ҳамаи ин ширкатро ба фаъолият дар реҷаи шадиди зиддибуҳронӣ, талоши зиёд ва андешидани тамоми тадбирҳои имконпазир барои амалисозии қарорҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим маҷбур месозад, ки ба барқарор намудани иқтидори истеҳсолӣ, азнавсозии фондҳои асосӣ, таъмиру таҷдиди таҷҳизоти амалкунанда, ҷорӣ сохтани технологияҳои навтарини пурсамар бо мақсади афзоиши истеҳсоли алюминий нигаронида шудааст», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 73,5 ҳазор тонна алюминий

содирот шудааст

, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.