Рустам Назарзода: Сарез таҳти назорат аст, метавонед осуда бихобед!

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ташвишу нигарониҳо нисбати рахнашавии имконпазири кӯли Сарез бар асари офатҳои табиӣ розӣ нест, зеро он таҳти назорати доимии мутахассисони тоҷик қарор дошта, барои нигаронӣ ҳеҷ далеле вуҷуд надорад. «Ба шумо гуфтаниам, ки осуда бихобед. Ҳеҷ гуна тағйироти ҷиддие дар кӯли Сарез ба […]



Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ташвишу нигарониҳо нисбати рахнашавии имконпазири кӯли Сарез бар асари офатҳои табиӣ розӣ нест, зеро он таҳти назорати доимии мутахассисони тоҷик қарор дошта, барои нигаронӣ ҳеҷ далеле вуҷуд надорад.

«Ба шумо гуфтаниам, ки осуда бихобед. Ҳеҷ гуна тағйироти ҷиддие дар кӯли Сарез ба мушоҳида намерасад», – иброз дошт ӯ зимни нишасти хабарӣ ва қайд кард, ки дар кӯли Сарез низоми муосири огаҳии барвақтӣ ва низоми мушоҳида ба тамоми тағйироти дар мавзеи ин кӯл, аз ҷумла дар қаъри он насб шудааст.

Р.Назарзода таъкид дошт, ки бевосита дар наздикии кӯл истгоҳе амал мекунад, ки дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода кор мекунанд. «Ғайр аз ин, поинтар аз кӯл дар масофаи 36 километр боз як истгоҳи огаҳии барвақтӣ фаъолият дорад ва вазъи кӯл шабонарӯзӣ, муддати 24 соат зери мушоҳидаву назорат аст», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳачунин дар дастгоҳи марказии Кумита Раёсати махсусе вуҷуд дорад, ки ба масоили назорати кӯли Сарез машғул аст.

Қобили зикр аст, ки бархе аз коршиносони кишварҳои ҳамсоя ба омӯзиши ҳамаҷониба ва муфассали мушкилоти кӯли Сарез даъват мекунанд, зеро ба андешаи онҳо, офатҳои табиӣ ба вайрон кардани ин обанбор қодиранд, ки ба оқибатҳои фалокатбор барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ боис шуда метавонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.