Таъини сафирон ба Урдун, Алҷазоир, Муғулистон ва Ветнам

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 июл дар бораи таъини сафирони Тоҷикистон дар Урдун, Алҷазоир, Муғулистон ва Ветнам ва ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ фармонҳо ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдов Зубайдулло Наҷотович ҳамзамон Тоҷикистон дар Мамлакати Ҳошимии Урдун ва сафири […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 июл дар бораи таъини сафирони Тоҷикистон дар Урдун, Алҷазоир, Муғулистон ва Ветнам ва ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ фармонҳо ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдов Зубайдулло Наҷотович ҳамзамон Тоҷикистон дар Мамлакати Ҳошимии Урдун ва сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир таъин карда шуданд.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ализода Назирмад ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Муғулистон ва сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Давлатзода Парвиз ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъин карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Қосимӣ Заробиддин ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ таъин карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.