Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврасу ҷавон»

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои  «Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ  оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» тасмим […]



Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои  «Стратегияи миллии рушди моликияти  зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 -2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ  оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» тасмим гирифтааст, ки  дар моҳи октябри соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро баргузор намояд.

Мақсади асосии баргузор намудани Озмун, ин  дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин  дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманде, ки дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ буда  ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ  шавқу рағбат доранд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ки қаблан то санаи  5 июли соли 2016 муқаррар карда шуда буд аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Озмун то санаи 25 сентябри соли 2016 тамдид карда шуд..

Иштирокчиён ва ғолибони Озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки лоиҳаҳои ҷойҳои намоёнро ишғолнамуда ва муҳим дар сомонаи Интернет-портали миллии инноватсионӣ ва дигар сомонаҳои дахлдор, ҷиҳати муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои дар амал татбиқ намудани он ҷойгир карда мешаванд.

Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ карда мешаванд.

Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

-ариза ба номи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– синну соли иштирокчӣ аз 14 то 30 сола;

– нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома;

– тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ (бо нишон додани суроға ва телефонҳо);

– маълумот оид ба лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (дар якҷоягӣ бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар маводҳо дар шакли матн) ба ғайр аз барномаҳои компютерӣ;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи 5 май то 5 июли соли 2016 муқаррар карда шудааст.

Телефонҳо барои тамос: 2222153, 989024444, 919330255

Почтаи электронӣ:

[email protected]

Нишонии Кумитаи тадорукоти озмун: 734042, ш. Душанбе, к.Айнӣ 14а, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.