Хатлон: Гумонбарии ёвари прокурор ба порагирӣ

– Ёвари прокурори ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад, – хабар дод сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Ҷамолиддин Муҳаммадзода. Ба гуфтаи ӯ, ёвари покурори ноҳияи Ҷайҳун Д.Холзода тибқи маслиҳати пешакӣ бо ронандаи ҳамин прокуратура Ш.Назаров барои мусоидат ба нафъи яке аз гумонбаршудагон дар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


– Ёвари прокурори ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад, – хабар дод сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Ҷамолиддин Муҳаммадзода.

Ба гуфтаи ӯ, ёвари покурори ноҳияи Ҷайҳун Д.Холзода тибқи маслиҳати пешакӣ бо ронандаи ҳамин прокуратура Ш.Назаров барои мусоидат ба нафъи яке аз гумонбаршудагон дар парванда аз ӯ 8,3 ҳазор сомонӣ пора гирифтаанд.

Қайд шуд, ки зимни амалиёти фаврӣ ҳарду гумонбаршуда ҳангоми гирифтани маблағи пора боздошт шудаанд. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.