Муҳоҷирати беш аз 301,5 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 301,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи ҳисобу китоби онҳо, шумори шаҳрвандоне, ки соли равон ба Русия рафтаанд, 301 ҳазору 654 нафар ва шаҳрвандони ба Қазоқистон […]



Дар зарфи 6 моҳи соли равон беш аз 301,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи ҳисобу китоби онҳо, шумори шаҳрвандоне, ки соли равон ба Русия рафтаанд, 301 ҳазору 654 нафар ва шаҳрвандони ба Қазоқистон сафаркарда 6 ҳазору 43 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли 6 моҳи соли равон беш аз 308 ҳазору 676 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин  27 ҳазору 949 нафар ё худ 8% камтар аст.

Қайд шуд, ки дар ин давра 160 ҳазору 434 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 14% камтар аст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон 210 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои вуруд ба қаламрави Русия иҷозатномаи такрорӣ гирифтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.