Оғози сохтмони нахустин эстакада дар Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 82-юми пойтахт бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матуоти сарвари давлат, эстакадаи мазкур дар доираи амалишвии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри […]



Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 82-юми пойтахт бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матуоти сарвари давлат, эстакадаи мазкур дар доираи амалишвии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ мешавад. Паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян-Бейсин”–и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро бошад Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастандаркорони тарҳро бобати назорати қатъии сифати роҳи сохташаванда муваззаф намуда, таъкид дошт, ки бояд лоиҳаи мазкур мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва бо сифати олӣ бунёд гардад, то он барои мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намояд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар баробари ҳаракати нақлиёти транзитӣ, роҳи мазкур асосан ба сифати шоҳроҳе истифода мешавад, ки аз он воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт, ҳамчунин нақлиёти боркаш ва ҷамъиятӣ мегузаранд, ки ин ташкили муътадили ҳаракатро дар қитъаи мазкур мураккаб месозад.

Эстакада барои беҳтар намудани шароити ҳаракат ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо мусоидат мекунад. Чунин роҳҳои болоиҳам (эстакада) аввалин маротиба дар Тоҷикистон бунёд мешавад. Тибқи нақша ин роҳ дар давоми ду сол сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.