Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Суғду Нижегород

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ гурӯҳи намояндагони Федератсияи Россияро дар ҳайати роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкороне, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ ва имкониятҳои истеҳсоливу тиҷоратии минтақаи Суғд  ба вилоят ташриф овардаанд, таҳти сарварии муовини губернатори вилояти Нижегородск Люлин Евгений Борисович ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар мулоқот масоили рушди […]



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ гурӯҳи намояндагони Федератсияи Россияро дар ҳайати роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкороне, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодӣ ва имкониятҳои истеҳсоливу тиҷоратии минтақаи Суғд  ба вилоят ташриф овардаанд, таҳти сарварии муовини губернатори вилояти Нижегородск Люлин Евгений Борисович ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ дар самти савдою тиҷорат ва истеҳсолоти муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Яке аз мавзуъҳои асосии сӯҳбат ин вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо намояндагони савдою тиҷорати Россия дар самти содироти меваю сабзавот аз вилояти Суғд ба ҳисоб рафт.

Муовини губернатори вилояти Нижегородск Люлин Е. Б ҳадафи сафарро ошноӣ бо вазъи иқтисодию тиҷоратии вилоят ва дарёфти роҳҳои ҳамкории судманд арзёбӣ намуд ва афзуд, ки имруз  ширкатҳо ва соҳибкорони ин минтақа хостори ҳамкорӣ бо деҳқонону соҳибкорони тоҷик ҳастанд. Вилояти Нижегородск имрӯз танҳо талаботи 40 дарсади аҳолиашро бо мева қонеъ мегардонад ва 60 фисад ба воридоти ин намуди маҳсулот ниёз дорад. Дар навбати худ сохибкорони рус меваю сабзавоти Тоҷикистонро ҳамчун маҳсулоти табиӣ ва хуштамъ эътироф мекунанд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки вилояти Суғд ҳавасманди густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии минтақавӣ бо Россия аст. Дар баробари ин, аз соҳибкорони рус даъват карда шуд, ки ҷиҳати ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ фаъол бошанд. Зеро барои ташкили истеҳсолоти муштарак имкониятҳои мусоид аз қабили ашёи хом ва қувваи корӣ дар вилоят вуҷуд доранд. Аз ҷониби дигар ин тадбир ба манфиати вилоят аст, ки боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Дар ин замина дар самти ташкили коргоҳҳои муштараки истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва шиша ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Яке аз ширкатхои бузурги мошинсозии Росия  корхонаи автомобилсозии Горкий, ки бо тамғаи ГАЗ машҳур аст, омодагии хешро ҷиҳати дастрасии нақлиёти замонавии мусофиркашонӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, нақлиёти коммуналӣ, техникаи хоҷагии қишлоқ ва гармхонаҳо  баён намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.