Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 июл дар бораи таъини сафирони Тоҷикистон дар Урдун, Алҷазоир, Муғулистон ва Ветнам ва ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ фармонҳо ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдов Зубайдулло Наҷотович ҳамзамон Тоҷикистон дар Мамлакати Ҳошимии Урдун ва сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир таъин карда шуданд.
Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ализода Назирмад ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Муғулистон ва сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Давлатзода Парвиз ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам таъин карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Қосимӣ Заробиддин ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ таъин карда шуд.





