Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон қатораи дизелӣ мехарад



КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қатораи дизелӣ хариданист, ки ба сифати қатораи мусофиркаш дар хатсайрҳои маҳаллӣ ва наздишаҳрӣ истифода мешавад.

Аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин қатора ояндаи наздик харидорӣ шуда, барои мусофиркашонӣ тариқи роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб, ки моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, истифода шуда метавонад.

Таъкид шуд, ки ҳамчунин дастрасии тепловози тамғаи Evolution низ ба нақша гирифта шудааст, ки рӯзҳои ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба ҷумҳурӣ оварда мешавад. «Бо харидории воситаҳои зикршуда шароити мусофиркашонӣ беҳтар хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки айни замон айни замон техникаву таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт (парк)-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 70 вагонҳои боркаш, 421 вагонҳои мусофиркаш ва ҳамчунин 53 тепловоз иборат аст.

Қатораи дизелӣ яке аз шаклҳои ҳайати қатораҳои муҳаррикии дизелӣ буда, аз муҳаррикҳои дизелӣ энергия мегирад.

spot_imgspot_img

Популярное