Нигаронии навбатии президент аз пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро ва иштироки онҳо дар даргирҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар нигаронӣ изҳор намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки то имрӯз аз тарафи […]



Зимни

суханронӣ

дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро ва иштироки онҳо дар даргирҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки то имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 22 нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 2 нафар дар ҷангҳо кушта шудаанд.

«Тибқи маълумот ҳоло 2 оила иборат аз 12 нафар бо мақсади иштирок дар ҷанг ба Сурия сафар кардааст», – иброз доштааст ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки «чунин ҷавонони гумроҳшуда дарк намекунанд, ки ҳаракатҳои ба ном исломӣ дини мубини исломро ҳамчун парчам ё ниқоб истифода мекунанд, вале дар асл боиси бадномии ин дини муқаддас ва бадбахтии миллионҳо нафар одамони бегуноҳ шуда истодаанд».

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, айни замон беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар ҳузур доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.