Қазоқистон нархи гази моеъро 2 баробар афзуд

Дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, Қазоқистон нархи онро боло бурд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, ахиран дар минтақаҳои ҷудогонаи Қазоқистон камбуди ин навъи сӯзишворӣ ба мушоҳида расида, бинобар сабаби нархи баланди яклухти гази моеъ дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Русия – 59019 танга (170 $) […]



Дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, Қазоқистон нархи онро боло бурд.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, ахиран дар минтақаҳои ҷудогонаи Қазоқистон камбуди ин навъи сӯзишворӣ ба мушоҳида расида, бинобар сабаби нархи баланди яклухти гази моеъ дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Русия – 59019 танга (170 $) ва Тоҷикистон – 104864 танга (304 $) барои 1 тонна, сӯзишворӣ ба ин бозорҳо бештар интиқол меёбад, зеро барои истеҳсолкунандагон фурӯш дар ин бозорҳо фоидаовартар аст.

«Дар чанде аз минтақаҳои кишвар камбуди гази моеъ ба вуҷуд омада, аз ин рӯ, бо мақсади таъмини устувори бозори дохилӣ бо ин навъи сӯзишворӣ, арзиши яклухти он аз 11033 танга (32$) то ба 23106 танга (67$) боло бурда шуд», – омадааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи бозори Тоҷикистон бо гази моеъ маҳсуб меёбад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 163,3 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1% зиёд буда, қариб 70%-и аз ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда – ба Қазоқистон, беш аз 25% – ба Русия ва боқимонда – ба Туркманистон рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, айни замон беш аз 60%-и воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.