Паоло Маттей мудири нави БОҶ дар Тоҷикистон

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 26 июл намоянда/мудири кишварии тозатаъйини Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Тоҷикистон Паоло Маттейро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ муовини вазир П. Маттейро барои таъйин гардиданаш ба мақоми мазкур табрик гуфта, барои иҷрои вазифаи пурмасъулаш барору комёбӣ таманно намуд. Гуфта […]



Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 26 июл намоянда/мудири кишварии тозатаъйини Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Тоҷикистон Паоло Маттейро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ муовини вазир П. Маттейро барои таъйин гардиданаш ба мақоми мазкур табрик гуфта, барои иҷрои вазифаи пурмасъулаш барору комёбӣ таманно намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону БОҶ, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, расонидани кӯмак дар ҳолатҳои фавқулода ва татбиқи барномаҳои минбаъда табодули назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми суҳбат Паоло Маттей эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон супорид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.