Нигаронии навбатии президент аз пайвастани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро



Зимни

суханронӣ

дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро ва иштироки онҳо дар даргирҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки то имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 22 нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 2 нафар дар ҷангҳо кушта шудаанд.

«Тибқи маълумот ҳоло 2 оила иборат аз 12 нафар бо мақсади иштирок дар ҷанг ба Сурия сафар кардааст», – иброз доштааст ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки «чунин ҷавонони гумроҳшуда дарк намекунанд, ки ҳаракатҳои ба ном исломӣ дини мубини исломро ҳамчун парчам ё ниқоб истифода мекунанд, вале дар асл боиси бадномии ин дини муқаддас ва бадбахтии миллионҳо нафар одамони бегуноҳ шуда истодаанд».

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, айни замон беш аз 1 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар ҳузур доранд.

spot_imgspot_img

Популярное