Паоло Маттей мудири нави БОҶ дар Тоҷикистон



Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 26 июл намоянда/мудири кишварии тозатаъйини Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Тоҷикистон Паоло Маттейро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар оғози вохӯрӣ муовини вазир П. Маттейро барои таъйин гардиданаш ба мақоми мазкур табрик гуфта, барои иҷрои вазифаи пурмасъулаш барору комёбӣ таманно намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону БОҶ, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, расонидани кӯмак дар ҳолатҳои фавқулода ва татбиқи барномаҳои минбаъда табодули назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми суҳбат Паоло Маттей эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон супорид.

spot_imgspot_img

Популярное