-Авиатсия (ҳавонавардӣ)-и граждании Тоҷикистон имрӯз дучори мушкилот аст, аз ҷумла дар ин соҳа норасоии ҳавопаймоҳои муосир ва мутобиқат накардани фурудгоҳҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ба мушоҳида расида, дар маҷмӯъ мушкилот хеле зиёд аст ва кӯшиш дорем, ки онро давра ба давра ҳаллу фасл намоем, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири наклиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода.
Ӯ қайд кард, ки барои рушди авитатсияи гражданӣ дар кишвар, аз ҷумла барои харидории ҳавопаймоҳои муосир, таъмиру азнавсозии майдонҳои нишасту парвоз ва биноҳои фурудгоҳҳо ҷалби сармоягузориҳои зиёд зарур буда, майдонҳои нишасти фурудгоҳҳои байнулмилалии кишвар, бо шумули фурудгоҳи пойтахт имрӯз ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд.
Таъкид шуд, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа бо сабаби кӯтоҳ будани майдони нишасту парвоз, тобистон ҳавопаймоҳои бузургро қабул карда наметавонад ва дар ин фасли сол кор намекунад. «Барои таъмиру азнавсозии ин фурудгоҳ бо шумули сохтмони терминали нав дар маҷмӯъ 50 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст», – иброз дошт вазир.
Ш.Ганҷалзода ҳамчунин зарурати харидории ҳавопаймоҳои нави муосирро таъкид дошт. «Агар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз камбуди ҳавопаймоҳои муосир мушкилӣ надошта бошад, пас ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» ба норасоии ҳавопаймоҳо дучор аст. «Сомон Эйр» 9 ҳавопаймои муосир дошта, дар «Тоҷик Эйр» ҳамагӣ 2 ҳавопаймо мавриди истифода қарор дорад ва боз 1 ҳавопаймо дар таъмир аст», – гуфт Ганҷалзода.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба 12 самт парвозҳо анҷом дода, тариқи хатсайрҳо дар як ҳафта 21 парвоз сурат мегирад.





