Коҳиши нишондиҳандаи миёнаи интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон

Аз моҳи ноябри соли гузашта нишондиҳандаи миёнаи интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон тақрибан 332 сомонӣ кам шудааст. «Нишондиҳандаи миёнаи воқеъии интиқоли маблағҳо дар муқоиса бо моҳи ноябр, ки дар он вақт баланд буда, ҳудуди 1180 сомониро ташкил медод, тақрибан то ба 848 сомонӣ коҳиш ёфт, ҳарчанд шурӯъ аз моҳи январ каме боло рафт», – гуфта мешавад […]



Аз моҳи ноябри соли гузашта нишондиҳандаи миёнаи интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон тақрибан 332 сомонӣ кам шудааст.

«Нишондиҳандаи миёнаи воқеъии интиқоли маблағҳо дар муқоиса бо моҳи ноябр, ки дар он вақт баланд буда, ҳудуди 1180 сомониро ташкил медод, тақрибан то ба 848 сомонӣ коҳиш ёфт, ҳарчанд шурӯъ аз моҳи январ каме боло рафт», – гуфта мешавад дар таҳқиқоти нави некӯаҳволии хонаводаҳои Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони

«Гӯш додан ба Тоҷикистон»

» (Listening to Tajikistan).

Дар гузориш қайд мешавад, ки коҳиш бештар дар шаҳрҳо, ки дар онҳо ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ зиёдтар ба тағийрот осебпазиранд, ба мушоҳида расида, дар деҳот ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ нисбатан устувор боқӣ мондаанд.

Таъкид мешавад, ки моҳи апрел коҳиши шумори муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд ва ҳамчунин шумори муҳоҷирони феълан дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта идома ёфт.

Ғайр аз ин, аз моҳи августи соли гузашта ҳиссаи муҳоҷироне, ки нисбат ба дигар кишварҳо ба Русия афзалият медиҳанд, ба нишондиҳандаи баланди пешина дар сатҳи 92-94% наздик шудааст. «Аз моҳи сентябр то моҳи январ ҳиссаи муҳоҷироне, ки хоҳиши сафар ба Қазоқистонро доранд, ба таври қобили мулоҳиза кам шуда, дар сатҳи 3-5% қарор гирифт», – таъкид месозанд муаллифони гузориш.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2015 тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон 22,1% кам шудааст.

Бо ишора ба махфӣ будани ин маълумот раиси Бонки миллӣ рақами мушаххаси ҳаҷми интиқоли маблағҳо бо доллари ИМА-ро зикр накарда, лекин иттилоъ дод, ки интиқоли маблағҳо бо рубли русӣ 67 млрд.-ро ташкил додааст.

Бо қурби ҷории доллари ИМа нисбат ба рубл ин маблағ ба 1 млрд. 33 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз рӯи нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли гузашта ин нишондиҳанда 1 млрд. 162 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.