Э.Раҳмон: Тоҷикистон ҷонибдори ҳамшарикии зич бо кулли кишварҳои ҷаҳон аст

Имрӯз, 2 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакарта дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матботи сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҷумла баргузории Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро иқдоми муҳим барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мухталифи раванди рушд ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии […]



Имрӯз, 2 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакарта дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва

суханронӣ

намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матботи сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҷумла баргузории Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро иқдоми муҳим барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мухталифи раванди рушд ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир маънидод кард.

«Вазъи ҷаҳони имрӯза зудтағйирёбанда буда, бар асари чолишҳои нави ҷаҳонӣ ва афзоиши омилҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ суботи бозорҳои тамоми минтақаҳои олам халалдор ва суръати рушди иқтисодиёт паст шуда истодааст. Аз ин лиҳоз,чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи ташаббусҳои тозаву роҳҳои муассири истиқрори суботи фарогир ва ба ин манзур таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон бошем ва вазифаи умумии мост, ки замина ва механизмҳои нави ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро ба роҳ монем», – гуфт Э.Раҳмон.

Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, мусоидат ба ҳамгироии бештар васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои Тоҷикистонмо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор гиранд.

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягозорӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он дошт, ки дар чунин шароит Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии худро бо ҳамаи мамлакатҳои дӯст ва шарикони рушд, ҳамчунин созмону муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшида ба рушду тараққиёти бештару хубтар ноил гардад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамшарикии зич бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом буда, хоҳони ҳамкории васеъ ва воқеӣ бо онҳо дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,беҳтаргардонии кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ ва экологию солимгардонӣ мебошад», – таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон мусоидат ба ҳамгироии бештару васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор дода шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.