Истеҳсоли 156 ҳазор тонна алюминий дар соли равон

Зимни нишасти хабарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ маълумот дода шуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 73 ҳазору 101 тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6% зиёдтар мебошад. Соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон дар сатҳи 156 ҳазор тонна пешгӯӣ мешаванд, ки нибат ба соли 2015 […]



Зимни нишасти хабарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ маълумот дода шуд, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 73 ҳазору 101 тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6% зиёдтар мебошад.

Соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон дар сатҳи 156 ҳазор тонна пешгӯӣ мешаванд, ки нибат ба соли 2015 ба миқдори 16,4 ҳазор тонна бештар аст.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод зикр кард, ки дар саросари ҷаҳон тамоили кам шудани талабот ба алюминий ва мутаносибан коҳиши нархи он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба мушоҳида расида, ин ба иқтисоди кишварҳои мутараққӣ вобаста аст, масалан дар кишварҳои дорои саноати мошинсозӣ, ки дар он аз алюминий истифода мешавад.

«Нархҳо ба ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон – нахи пахта ва алюминий ба таври кофӣ тағйирёбанда ва ноустувор аст. Агар ба арзиши алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ назар андозем, имрӯз 1 тоннаи он бо нархи 1645 доллари ИМА фурӯхта шуда, нархи миёна давоми соли равон 1542 $-ро ташкил дод», – қайд кард ӯ.

Давлатзод изҳор намуд, ки нимсоаи аввали соли 2016 дар маҷмӯъ ба маблағи 113,4 млн. доллари ИМА алюминий истеҳсол шуда, аз рӯи натиҷаҳои 6 моҳи соли равон ҳиссаи алюминий дар ҳаҷми умумии содирот – 26% ва нахи пахта – 12,5%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 73,5 ҳазор тонна алюминий содирот шудааст, ки дар муқоиса бо 6 моҳи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нисбат ба соли гузашта алюминий 239 $ арзонтар шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.