Вазири нақлиёт: Авиатсияи гражданӣ дучори мушкилот аст

-Авиатсия (ҳавонавардӣ)-и граждании Тоҷикистон имрӯз дучори мушкилот аст, аз ҷумла дар ин соҳа норасоии ҳавопаймоҳои муосир ва мутобиқат накардани фурудгоҳҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ба мушоҳида расида, дар маҷмӯъ мушкилот хеле зиёд аст ва кӯшиш дорем, ки онро давра ба давра ҳаллу фасл намоем, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири наклиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода. Ӯ қайд […]



-Авиатсия (ҳавонавардӣ)-и граждании Тоҷикистон имрӯз дучори мушкилот аст, аз ҷумла дар ин соҳа норасоии ҳавопаймоҳои муосир ва мутобиқат накардани фурудгоҳҳо ба меъёрҳои байнулмилалӣ ба мушоҳида расида, дар маҷмӯъ мушкилот хеле зиёд аст ва кӯшиш дорем, ки онро давра ба давра ҳаллу фасл намоем, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири наклиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода.

Ӯ қайд кард, ки барои рушди авитатсияи гражданӣ дар кишвар, аз ҷумла барои харидории ҳавопаймоҳои муосир, таъмиру азнавсозии майдонҳои нишасту парвоз ва биноҳои фурудгоҳҳо ҷалби сармоягузориҳои зиёд зарур буда, майдонҳои нишасти фурудгоҳҳои байнулмилалии кишвар, бо шумули фурудгоҳи пойтахт имрӯз ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд.

Таъкид шуд, ки Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа бо сабаби кӯтоҳ будани майдони нишасту парвоз, тобистон ҳавопаймоҳои бузургро қабул карда наметавонад ва дар ин фасли сол кор намекунад. «Барои таъмиру азнавсозии ин фурудгоҳ бо шумули сохтмони терминали нав дар маҷмӯъ 50 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст», – иброз дошт вазир.

Ш.Ганҷалзода ҳамчунин зарурати харидории ҳавопаймоҳои нави муосирро таъкид дошт. «Агар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз камбуди ҳавопаймоҳои муосир мушкилӣ надошта бошад, пас ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» ба норасоии ҳавопаймоҳо дучор аст. «Сомон Эйр» 9 ҳавопаймои муосир дошта, дар «Тоҷик Эйр» ҳамагӣ 2 ҳавопаймо мавриди истифода қарор дорад ва боз 1 ҳавопаймо дар таъмир аст», – гуфт Ганҷалзода.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба 12 самт парвозҳо анҷом дода, тариқи хатсайрҳо дар як ҳафта 21 парвоз сурат мегирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.