Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати хабарнигори газетаи «Комсомлская правда» Сергей Пономарёв ба иттиҳоми «барангехтани низоъи миллӣ» парвандаи ҷиноӣ боз карда метавонад.
Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки мақолаи рӯзи 16 июл нашршудаи журналисти рус ба ташхис фиристода шудааст.
«Агар дар ин мақолаи С.Пономарёв аломатҳои барангехтани низоъи миллӣ ошкор шаванд, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз мешавад», – гуфт ӯ.
Таърихи 16 июл дар сомонаи “КП. ру” мақолаи Сергей Пономаревро бо номи
“Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее”
интишор кард, ки аз сафари журналисти рус ба Тоҷикистон ва таассуроту мушоҳидаҳои ӯ аз ин сафар ҳикоят мекунад. Ҷомеаи Тоҷикистон лаҳни маводро таҳқиромез ва далелҳои дар он зикршударо беасос арёзбӣ карданд.
Санаи 21 июл дар робита ба ин қазия Шариф Ҳамдампур, масъули чопи ҳафтаномаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки нашр ва паҳн кардани рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон
боздошта мешавад.
Ин мақоларо ӯ аз нигоҳи ахлоқи рӯзноманигорӣ ғайри қобили қабул ва таҳқири миллати тоҷик унвон кард.





