Шиносоии Э.Раҳмон бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи Роғун

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо бинокорони неругоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рақами як рафти […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо бинокорони неругоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон дар майдончаи назоратии рақами як рафти корҳои барқарорсозиро мушоҳида намуд. Тавре аён гардид, корҳо дар ҳама қитъаҳои ин мавзеъ бомаром ва низоми хуб ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бунёди сарбанд ё худ дарғоти неругоҳи барқи обии Роғун дар қитъаҳои алоҳида захиракунии маводи табиии сохтмонӣ, аз қабили регу шағал, сангҳои калонҳаҷм ва дигар масолеҳ бо суръати баланд ҷараён дорад.

Таъкид гардид, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ҳама қитъаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии неругоҳ 2077 адад мошину механизм истифода мешаванд.

Зимни боздид аз мавзеи бунёди садди неругоҳ дар дарёи Вахш иттилоъ дода шуд, ки барои бастани маҷрои об 75 миллион куб маводи хокию сангӣ истифода хоҳад шуд. Дар навбати аввал 179 ҳазор куб масолеҳи сохтмонии хокию сангӣ зарур мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисоне, ки лоиҳаи бунёди сарбанди неругоҳро амалӣ мекунанд, дастур дод, ки ҳамаи корҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ карда шаванд. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкур бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид ҳамзамон аз биноҳои идораи дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ ва садамавии нақбҳои сохтмонии 1 ва 2, дарвозаҳои таъмирии нақби обқабулкунаки муваққатӣ ва камераи васлгарии нақби обқабулкунаки муваққатӣ дидан намуд.

Корҳои сохтмонӣ дар қубурҳои обпартои агрегатҳои 5 ва 6 бошад, бо ҷушу хурӯш идома дорад. Дар ин ҷо мутахассисони ватанию хориҷӣ 70 фисади корҳои нақбканиро ба итмом расонидаанд. Корҳои оҳану бетонӣ низ дар қитъаи сохтмонӣ вусъат меёбад.

Аз сифати хуби бунёдкорӣ, ҳамчунин рӯҳияи болидаи коргарони ин кохи нурофарин баръало аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.

Айни ҳол дар ҳамаи қитъаҳои сохтмонии Неругоҳи барқии обии Роғун наздики 12 ҳазор нафар коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ машғули коранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.