ҲХДТ шумори аъзояшро ба ним миллион расониданист

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) итминон медиҳад, ки то охири сол шумори аъзояш беш аз ним миллионро ташкил хоҳад дод. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо давоми 6 моҳи соли равон беш аз 230 ҳазор нафар аъзои нав ба сафҳои ҳизб […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) итминон медиҳад, ки то охири сол шумори аъзояш беш аз ним миллионро ташкил хоҳад дод.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки танҳо давоми 6 моҳи соли равон беш аз 230 ҳазор нафар аъзои нав ба сафҳои ҳизб пайвастаанд, ки асосан ҷавонон мебошанд. 

«Мо интизорӣ дорем, ки то охири соли шумори ҷонибдорони ҳизб аз ним миллион нафар зиёдтар мешавад», – қайд кард номбурда.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки наздики 40%-и онҳо ҷавононанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.