Изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба имкони оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати хабарнигори газетаи «Комосомолская правда» Сергей Пономаревро сардабири ин нашрия Владимир Сунгоркин беасосу дур аз ҳақиқат унвон кард.
«Айбномаҳои ҷониби Тоҷикистонро ман комилан дур аз воқеъият мешуморам. Ҳар кадоме аз хонандагоне, ки ба сомонаи kp.ru ворид мешаванд, осонакак ба ин эътимод ҳосил карда метавонанд. Гузориши Пономарев он ҷо гузошта шудааст», –
нашр кардааст
посухи Владимир Сунгоркинро сомонаи «Комсомолская правда».
Дар маълумот ҳамчунин қайд мешавад, ки бар асари нашри ин гузориш моҳи июл дар Тоҷикистон чопу фурӯши «Комсомолская правда» боздошта шуд, ки дар ин ҷумҳурӣ аз соли 2006 нашр мешу два миёни хонандагон ҳаводорони зиёд дошт.
Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр гардид, ки нисбати хабарнигори газетаи «Комсомолская правда» Сергей Пономарёв ба иттиҳоми «барангехтани низоъи миллӣ», мақомоти прокуратура
парвандаи ҷиноӣ боз карда метавонад.





